Варзишгарон мояи ифтихори миллатанд!
Дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Бо мақсади таҷлил гирифтани ин рӯзи барои варзишгарони кишвар муҳим, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпии кишвар силсила чорабиниҳои мухталифро ба нақша гирифта, ташкил ва баргузории онҳо бо доираи васеи ҷавонону варзишгарон дар назар дошта шудааст.