Варзишгарон мояи ифтихори миллатанд!

Варзишгарон мояи ифтихори миллатанд!

Варзиш қосиди сулҳу ягонагиву дӯстӣ аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, варзиш омили тавоноӣ, таҳкими дӯстӣ ва муаррифкунандаи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Чун анъана, рӯзи 10-уми август дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад. Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” ин рӯзи фархундаро ба кулли варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфта, барояшон саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои бузурги варзиширо таманно дорад.

Иди касбӣ муборак!