Варзишгарони Русия ва Белорус дар ЧҶ 2023 оид ба шамшербозӣ дар Италия ширкат меварзанд

Варзишгарони Русия ва Белорус дар ЧҶ 2023 оид ба шамшербозӣ дар Италия ширкат меварзанд

Аз 22 то 30-юми июли соли равон   шаҳри Милани Италия мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба шамшербозӣ мегардад. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони рус ва белорус  ширкат меварзанд. Ҳукумати Италия барои ширкати варзишгарони рус ва белорус дар ин мусобиқа изҳорӣ розигӣ дод.  Дар ин бора раиси Кумитаи миллии олимпии Италия Ҷованни Малаго дар мусоҳиба бо хабаргузории ОА Sport хабар додааст.

"Ҳамаи ҳуҷҷатҳо мувофиқи тавсияҳои КБО ба имзо расидаанд, ки ба варзишгарони Русия ва Беларус имкон медиҳанд, ки дар мусобиқаҳои варзишии дарпешистода ба сифати бетараф дар Италия ширкат кунанд."

Бояд гуфт, ки қаблан чанд кишвар аз баргузории мусобиқоти шамшербозӣ (аз ҷумла марҳилаҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол) ба далели вуруди русҳо ва белорусҳо худдорӣ карда буданд.

Малаго ҳамчунин гуфт, ки 11 варзишгари Русия ва Беларус ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфтанд.  Ҳарчанд дар рӯйхати аслӣ 39 нафар буданд, лек боқимонда аз санҷиш нагузаштанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Италия тавсияҳои Кумитаи байналмилалии олимпиро (КБО) дар бораи роҳхати русҳо ва белорусҳо ба мусобиқоти байналмилалӣ тасдиқ кард.