”Вашингтон” баъди ду пирӯзӣ мағлуб шуд

”Вашингтон” баъди ду пирӯзӣ мағлуб шуд

Дар доираи бозиҳои мавсимии Ассотсиатсияи миллии баскетбол (НБА), бошгоҳи “Бруклин Нетс” бо тими “Вашингтон Уизардс” рақобат намуд. Ин вохӯрӣ яке аз бозиҳои марказии давр маҳсуб меёфт. Набарди дастаҳо дар майдони «Barclays Center» дар Ню Йорк (ИМА), ки варзишгоҳи хонагии “Бруклин Нетс” ба ҳисоб меравад, доир гардид. Рақобати ҳарифон тезутунд ҷараён гирифта, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 104:90 анҷом ёфт. Саҳми бештарро дар пирӯзии “Бруклин” ҳамлагар Кевин Дюрант бо ба даст овардани 25 хол ва 4 партофт гузошт. Сермаҳсултарин бозингари дастаи «Вашингтон» ҳимоятгар Брэдли Бил буд, ки 19 хол дарёфт карда, 4 партофт анҷом дод.

Ҳамин тариқ, «Вашингтон» пас аз ду ғалабаи пайдарпай бар «Торонто Рэпторс» (98:83) ва «Индиана Пэйсерс» (135:134) ба аввалин бохти худ дар мавсими ҷорӣ рӯ ба рӯ шуд.