Винисиус - Жозе Моуринюро шод кард

Винисиус - Жозе Моуринюро шод кард

Дар доираи бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо, дар гурӯҳи "J" дастаи "Тотенҳэм" бо тими "Лудогорес" рақобат намуданд. Дидори дастаҳо дар майдони "Тотенҳэм Ҳотспур" баргузор гардида, бо ҳисоби бузурги 4:0 ба фоидаи шогирдони Жозе Маурино ба фарҷом расид. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 16-ум ҳамлагари бразилии дастаи "Тотенҳэм" – Карлуш Винисиус боз намуд. Дар дақиқаи 34-ум Винисиус маротибаи дуюм тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон намуда, дублро ба номаш сабт кард. Нимаи аввали рақобат бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Дар қисмати дуюми нерӯсанҷии дастаҳо, аниқтараш, дар дақиқаи 63-юм, ниммуҳофизатгари англиси "Тотенҳэм" – Гарри Уинкс ба дарвозаи рақиб гол зада, ҳисобро 3:0 кард. Карлуш Винисиус дар дақиқаи 73-юм тӯбро ба дохили ҷаримагоҳи рақиб партофт намуд, аз ин вазъият ҳамлагар Лукас Моура самаранок истифода бурда, маротибаи чаҳорум тӯбро дохили дарвозаи "Лудогорес" намуд. Ҳамин тавр, бо натиҷаи 4:0 дастаи Маурино ғалаба ба даст овард ва бо касби 9 хол дар мавқеи дуюм ҷой гирифт. "Лудогорес" пас аз чаҳор бозӣ, то ҳанӯз имтиёзе ба даст наовардааст ва ҳамин гуна ин даста тамоми имконияти аз гурӯҳ берун баромаданро аз даст дод.