Виталий Левченко: «Бидуни бохт ғалаба намешавад»

Виталий Левченко: «Бидуни бохт ғалаба намешавад»

Мутахассиси украинӣ сармураббии дастаи «Истиқлол» - Виталий Левченко бохти дастаашро дар бозии даври 1/8 финали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо тими «Персеполис»-и Эрон шарҳ дод.

«Ман мехоҳам ба мухлисон барои чунин фазои боварнокарданӣ ва дастгирии беандозаашон ташаккур гӯям, шумо бозигари 12-уми воқеӣ будед. Мо ҳама аз натиҷаи бозӣ зиқ ҳастем, аммо бидуни мағлубият ғалаба намешавад. Даста тамоми қувваашро дар майдони ному нанг барои ба даст овардани ғалаба сарф кард, аммо футбол, ба мисли ҳаёт, метавонад тағйирёбанда бошад. Рақиб бар зидди мо ғолиб шуд, аммо ман боварӣ дорам, ки мо қавитар мешавем ва дар якҷоягӣ бо шумо мухлисони азиз қуллаҳои навро фатҳ хоҳем кард».

Моро дар саҳифаи Телеграм пайгир бошед: https://t.me/varzishtvofficial