WTA ғолиби ҷоизаи “Elite Trophy”-ро муайян мекунад
Сомонаи расмии WTA ҳайати иштирокчиёни ҷавони мусобиқаи кушоди “WTA Elite Trophy”-ро, ки дар шаҳри Чжухайи Чин аз 30-юми октябр то 4-уми ноябр доир мегардад муайян намуд. Дар рӯйхати мазкур исми теннисбозбонувон: Гарбине Мугуруса, Юлия Гергес, Каролина Гарсия, Даря Касаткина, Арина Соболенко, Эшли Барти, Элизе Мертенс, Мэдисон Кис, Анетт Контавейт, Анастасия Севастова, Ван Тсян ва Чжан Шуай шомиланд. Бояд гуфт, ки Юлия Гаргес барандаи мусобиқаи мазкур дар соли гузашта мебошад. Фонди ҷоизавии мусобиқаи навбатии WTA “Elite Trophy”-2018 бошад 2,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.