Яъқубов Муҳаммадхӯча: Ифтихор мекунам, ки Тоҷикистониям!
Мардуми тоҷик дар ҳама давру замон аз инсонҳои ҷасуру паҳлавон ифтихор мекард. Дар бахши чеҳракушоӣ меҳмони мо қаҳрамони шикастнопазир аз намуди варзиши муштзанӣ, нафаре ки ифтихори тоҷику аз Тоҷикистон будан мекунад, Муҳаммадхӯҷа Яъқубов аст. Хабарнигори шабакаи «Варзиш» Кова Тилавпур бо ин варзишгари ҷасуру меҳандӯст сӯҳбате орост.
Хабарнигор:- Дуруд бар Шумо Муҳаммадхӯҷа. Мехостам дар мавриди зисту зиндагӣ ва фаъолияти варзишиатон сӯҳбат карда бошем…
Муҳаммадхӯҷа:- Салом ба Шумо ва тамоми мардуми тоҷик.
Хабарнигор: -Мегуфтед,ки аз кай ба варзиши муштзанӣ машғул ҳастед ва аввалин мураббиатон, кӣ буд?
Муҳаммадхӯҷа:- Вақте ки 10 сол доштам, падарам маро ба назди мураббӣ Дадабек Фатҳуллоев бурданд ва шуруъ аз ҳамон замон ба ин намуди варзиш машғул шудам. Пайваста дар мусобиқаҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат менамудам. Соли 2011 қаҳрамони Тоҷикистон гардидам.
Хабарнигор:- Аз кай боз ба бокси ҳирфавӣ (профессионалӣ) машғул ҳастед?
Муҳаммадхӯҷа:- Баъди 18 солагиам муқими шаҳри Санкт Петербург шудам. 12-уми декабри соли 2015 муҳорибаи нахустинамро доир намудам.
Хабарнигор:- Ҳоло бо кадом мураббӣ тамрин доред?
Муҳаммадхӯҷа:-Ҳоло бо мураббии кордону коршинос Владимир Видов фаъолият дорам.
Хабарнигор:- Оё бо Шумо варзишкорони тоҷик тамрин мекунанд?
Муҳаммадхӯҷа:- Ҳоло бо ман яке аз муштзанҳои шинохтаи тоҷик Асрор Воҳидов тамрин дорад. Ӯ ҳам барои мусобиқа омодагӣ мебинад.
Хабарнигор:- Аз Ватан чӣ хотираҳо доред?
Муҳаммадхӯҷа:- Ҳар лаҳзае, ки дар Тоҷикистони азиз будам, ҳамааш пур аз хотираҳост (ханда мекунад).
Хабарнигор:- Шумо дар фаъолияти бокси професионалӣ 12 муҳориба анҷом дода, дар ҳамааш пирӯз гардидед. Дар кадом рақобат бештар хастагӣ ё нокомӣ эҳсос мешуд?
Муҳаммадхӯҷа:- Варзишгаре, ки ба намуди муштзанӣ машғул ҳаст бояд ҷасур, нотарс ва ба худ боварӣ дошта бошад. Ман дар ҳама рақобатҳоям ба худ боварӣ доштам.
Хабарнигор:- Муборизаи навбатии Шумо кай аст?
Муҳаммадхӯҷа:- Рақобати навбатиам 8-уми декабр ба нақша гирифта шудааст.
Хабарнигор:- Ташаккури зиёд барои як сӯҳбати самимӣ!
Муҳаммадхӯҷа- Ба Шумо ҳам сипоси фаровон.
Яқубов Муҳаммадхӯча Искандарович 31-уми марти соли 1995 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба дунё омадааст. Дар хонавода фарзанди дуюмин буда, як хоҳар ва се бародар дорад.
Дар созмонҳои IBF Baltic, WBA Continental, WBC Asian ва WBO Youth қаҳрамони мутлақ дониста мешавад.