Як қадами дигар то қаҳрамонии "Милуоки"

Як қадами дигар то қаҳрамонии "Милуоки"

Рақобати панҷуми финалии НБА миёни дастаҳои "Милуоки" ва "Финикс Санз" доир шуд. Бозии мазкур дар майдони "Финикс Санз арена" - баргузор гардида, бар нафъи меҳмонони дидор, бозингарони "Милуоки" ба анҷом расид. Бозиро мизбони рақобат, дастаи "Финикс Санз" фаъолона шурӯъ намуд, вале бартарии онҳо танҳо дар қисмати аввал буд. Дар идома ташаббус бар ҷониби бозингарони "Милуоки" гузашта, ғалабаи худро дар бозии сафарӣ бо ҳисоби 123 - 119 таъмин намуданд. Ҳамакунун бо доир шудани панҷ силсиларақобати ниҳоӣ дастаи "Милуоки" бо ҳисоби 3 бар 2 пешсаф аст. Тақдири рақобати финалии НБА дар бозии навбатӣ метавонад ҳал гардад, агар тими "Милуоки" пирӯзӣ ба даст орад ва шумораи ғалабаҳои худро ба чор адад расонад. Майдондории шашуми финалӣ миёни ин дастаҳо санаи 21 - уми июл дар назар аст.