Як нишони тилло ва як биринҷии ҷудокорони тоҷик дар Алмаато

Як нишони тилло ва як биринҷии ҷудокорони тоҷик дар Алмаато

Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон (ба хотири гиромидошти Бакет Махмутов - ходими намоёни варзиши қазоқ) ба анҷом расид. Ҷудокорони ҷавонони кишвар соҳиби ду медал - як тилло ва як биринҷӣ гардиданд.Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. 

Тоҷикистонро миёни наврасон Фотимахон Гадоева (-52кг), Ҷасур Лутфишоев (-55кг), Худодод Шанбиев (-60кг), Ҷаъфари Ҷаъфар ва Мусо Саъдуллоев (ҳарду -66кг) муаррифӣ карданд. Мутаассифона, мусобиқаи мазкур барои варзишгарони навраси тоҷик бо нокомӣ – бидуни медал анҷом ёфт.

 


Дар сабқатҳо миёни ҷавонон Тоҷикистонро 8 нафар ҷудокор: Саидашраф Лоиқов, Абуҳанифа Қурбонбозор, Абубакр Шеров (ҳарсе -66кг), Ҳоҷибек Мухтодов (-73кг), Сунатулло Лоиқов, Мизробшо Лоиқов (ҳарду -81кг), Мӯҳсин Малаев (-90кг) Парвиз Абдураҳмонов (-100кг) намояндагӣ карданд.


Саидашраф Лоиқов ва Абуҳанифа Қурбонбозор дар аввалин рақобатҳои худ ноком шуданд.

Абубакр Шеров (-66кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар ҷудокори мизбон – Бекзат Каиргалиев бо иҷрои “осаекоми” пирӯз шуд.



Дар даври сеюм боз ҳам бар варзишгари мизбон, ин навбат – Куралбек Саталиев бо “иппон” (косото гакэ) ғалаба ба даст овард.

Дар чорякниҳоӣ Шеров муқобили ҷудочии Ӯзбекистон – Муҳриддин Ғиёсов қарор гирифт. Дар оғози рақобат ҷудокори ӯзбек пас аз як ҳамлаи босуръат нерусанҷиро ба бахши “не-ваза” гузаронид ва онҷо сазовори як имтиёзи “ваза-ари” гардид. Аммо пас аз гузашти 15 сония Абубакр тавонист аз ҳариф имтиёзи вазарӣ ситонаду дар идома рақибашро дар ҳолати «осаекоми» нигаҳ дорад ва ғолиби ин рақобат гардад.

Дар нимниҳоӣ Абубакр бо ду «ваза-ари» бар Нурдавлат Базиржани қазоқ дастболо шуд ва ба финали мусобиқа роҳ ёфт.

Дар даври ниҳоӣ Абубакр Шеров бо ҷудочии ботаҷрибаи ӯзбек – Қаҳрамони Tashkent Junior Asian Cup 2022 – Азизбек Ортиқов андари майдони рақобат шуд. Аз оғози нерусанҷӣ ҷудокорон ба якдигар муқобилияти шадид нишон доданд. Ниҳоятан дар сонияҳои охири рақобат Абубакр бо иҷрои зиддиусул қувваозмоиро ба бахши «неваза» гузаронид ва дар яке аз лаҳзаҳо ҳарифро дар ҳолати «осаекоми» нигаҳ дошт ва бо «иппон» ғолиби рақобат шуд. Ҳамин тариқ, Абубакр Шеров ғолиби мусобиқа дар вазни -66кг гардид.

Натиҷаи финалҳои вазни 66 кг :


1. Абубакр Шеров (Тоҷикистон) 


2. Азизбек Ортиқов (Ӯзбекистон) 


3. Нурдавлат Базилҷан (Қазоқистон) 


3. Муҳаммадяҳё Муҳаммадҷонов  (Ӯзбекистон) 


 

Ҳоҷибек Мухтодов (-73кг) дар даври якум аз Оразгелди Уралов (Қазоқистон) шикаст хурд.

Мизробшо Лоиқов дар даври якум бар варзишгари ӯзбек – Беҳрӯз Абдуразоқов пирӯз шуд, вале дар даври дуюм аз ҷудокори мизбон – Максим Мейрлан ноком шуд.

Сунатулло Лоиқов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари мизбон – Адил Умаров ғалаба ба даст овард. Мутаассифона дар чорякниҳоӣ аз Шаҳзодхуҷа Шарипови ӯзбек ва дар даври тассалобахш аз ҷудокори мизбон - Бехултан Асҳен шикаст хурд ва аз идомаи сабқат бенасиб монд.

Мӯҳсин Малаев дар нахустин рақобаташ бар намояндаи Қирғизистон – Абдулло Ҷалолиддинов дастболо шуд, вале дар даври чорякниҳоӣ ва тассалобахш аз ҷудокорони Ӯзбекситон - Ҷаҳонгир Маҳмадраҳимов ва Исроил Норбоев мағлуб шуд.

Парвиз Абдураҳмонов (-100кг) дар даври якум бар Динассил Таттимбеки қазоқ дастболо гардид, вале дар чорякниҳоӣ аз варзишгари Ӯзбекистон - Муҳаммадқодир Мансуров шикаст хурд.
Дар даври тассалобахш Темирлан Кайролдаи қазоқро шикаст дод ва ба даври навбатӣ роҳ ёфт.
Дар рақобат барои нишони биринҷӣ муқобили ҷудокори мизбон – Габдулманап Ерассил қарор гирифт. Дар дақиқаи сеюми нерусанҷӣ Абдураҳмонов бо иҷрои зебои усули «тсури гоши» рақибро шикаст дод  ва барандаи медали биринҷӣ гардид.

Натиҷаи финалҳои вазни - 100 кг : 


1. Муҳаммадқодир Мансуров (Ӯзбекистон) 


2. Дамир Ахет (Қазоқистон) 


3. Парвиз Абдураҳмонов  (Тоҷикистон) 


3. Асрор Нортоҷиев (Ӯзбекистон) 


Дар мусобиқа байни наврасон 268 варзишгар (179 мард ва 89 зан) аз 6 кишвари Осиё, байни ҷавонон 205 варзишгар (134 мард ва 71 зан) аз 6 кишвари қора ширкат варзиданд.

Манбаъ: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон