Замини бебарори Исроил барои Акмал Муродов

Замини бебарори Исроил барои Акмал Муродов

Дар рӯзи дуюми Гран Прии Тел-Авив ҷудочии тоҷик – Акмал Муродов дар вазни 81 кг андари майдони рақобат шуд. Дар даври якум ӯ бо варзишгари эстониягӣ Кристян Тонисте қувва озмуда, ӯро мағлуб кард ва ба даври дуюм роҳ ёфт. Рақиби Муродов дар даври дуюм ҷудочии Рус Турпал Тепкаев буд, ки ӯ дар навбати худ дар даври якум намояндаи Кореяи Ҷанубӣ – Ҳуи-Ҷунд Лиро шикаст дода ба ин марҳилаи мусобиқот роҳ ёфта буд. Дар рақобати худ бо рақиби русаш Акмал Муродов мутаасифона мағлуб шуд ва аз идома мусобиқот маҳрум гардид. Тепкаев бошад ба даври сеюм роҳ ёфт ва акнун бо намояндаи Ӯзбекистон – Шарофиддин Болтабоев нерӯ месанҷад.