Ӯзбекистон дар нимфинали чемпионати қоравӣ

Ӯзбекистон дар нимфинали чемпионати қоравӣ

Чемпионати Осиё миёни мунтахабҳои то 23 солаи ин қора ба марҳилаи нимниҳоӣ расид. Шоми 19 январ охарин рақобати даври ¼ ниҳоӣ байни мунтахабҳои Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Аввалин шуда футболбозони ҷавонони араб тавонистанд ҳисобро кушоянд, аммо ин амалашон ғазаби ӯзбекбачаҳоро оварду, онҳо панҷ голи беҷавобро ба дарвозаи ҳарифонашон  заданд. Хотиррасон бояд намуд, ки се голи аввали мунтахаби Ӯзбекистон дар қисмати аввали дидор ва ду голи баъди дар қисмати дуввум ба самар расонида шуданд. Ҳамин тариқ миллипӯшони ҷавони ӯзбек соҳиби роҳхати охарини марҳилаи нимниҳоӣ гардиданд. Қаблан мунтахабҳои Австралия бо шикаст додани ҳарифон аз Сурия, Арабистони Саудӣ бо шикасти таиландбачаҳо ва Кореяи Ҷанубӣ бо пирӯз гардидан бар Урдун соҳиби роҳхати марҳилаи навбатӣ гардида буданд. 

Кореяи Ҷанубӣ (U-23) 2 – 1 Иордания (U-23)
АМА (U-23) 1 – 5 Ӯзбекистон (U-23)
Австралия (U-23) 1 – 0 Сурия (U-23)
Арабистони Саудӣ (U-23) 1 – 0 Таиланд (U-23)