Ӯзбекистон (U20) пас аз 15 сол ба финали Ҷоми Осиё роҳ ёфт

Ӯзбекистон (U20) пас аз 15 сол ба  финали Ҷоми Осиё  роҳ ёфт

Дар доираи бозиҳои даври нимниҳоии Ҷоми Осиё 2023 миёни мунтахабҳои то 20 сола, дирӯз дастаҳои Ӯзбекистон  ва Кореяи Ҷанубӣ  ба ҳам омаданд.

 Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Бунёдкор” –и шаҳри Тошканд  доир шуда, бидуни гол анҷом ёфт. Ғолиб тариқи зарбаҳои 11 метра муайян карда шуд, ки он ҷо мизбонон,  мунтахаби то 20 солаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 3 бар 1 зафар ёфта, бо гузаро шудани 15 сол дигарбора ба финали Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд.

Бозии мунтахабҳо   беш аз 120 дақиқа бидуни гол давом кард. Ҳарду даста ҳам дар раванди рақобат борҳо имкони кушодани ҳисобро доштанд, лек аз вазъиятиҳои ба амаломада самаранок истифода карда натавонистанд.

Ҳамин тавр, ғолиб тариқи силсила зарбаҳои 11 метра муайян карда шуд.  Дар иҷрои зарбаҳои 11 метра, ҷавонони мунтахаби Ӯзбекистон иштибоҳ кам карданд ва бо ёрии дарвозабонашон тавонистанд, ки бо ҳисоби 3 бар 1 музаффарият ба даст биёранд.

Ёдовар мешавем, ки финали мусобиқа рӯзи 17-уми март миёни мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Ироқ дар назар аст. Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар ҳамин рӯз барои ҷои 3-юм мубориза мебаран.  Ноибқаҳрамони мусобиқа мунтахаби Арабистони Саудӣ аст.