4 муштзанбонуи тоҷик дар ҶҶ оид ба бокс дар Деҳлӣ иштирок мекунанд

4 муштзанбонуи тоҷик дар ҶҶ оид ба бокс дар Деҳлӣ иштирок мекунанд

Муштзанони тоҷик дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон  барои иштирок  дар Чемпионати Ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон, ки имрӯз оғоз мегардад, омодаанд. Дар ин бора яке аз муштзанони кишвар Сумайя Қосимова ба мо хабар дод.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур, Сумайя Қосимова (48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Мижгона Самадова (60 кг) ва Нилуфар Бобоёрова (63 кг) муаррифӣ мекунанд.  Онҳоро дар мусобиқаи мазкур 2 мураббӣ роҳнамоӣ мекунанд.

Сумайя Қосимова зери вазни то 48 кг нахуст бо Вафа Хафси аз кишвари Тунис рақобат мекунад. Зери вазни 50 кг Руҳафзо Ҳақназарова муқобили  Даниша Матялаган аз кишвари Сингапур сабқат мекунад. Мижгона Самадова бошад, тайири вазн кард ва ҳоло зери вазни 60 кг ҳунарнамоӣ мекунад. Рақиби Мижгона аз Йелиз Арифе Алтин аз Туркия аст. Нилуфар Бобоёрова дар вазни 63 кг бо  Меган де Клер аз Ҳоланд қувваозмоӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон аз 16-ум то 26-уми март дар Деҳлӣ баргузор мегардад. Дар мусобиқа намояндагони 65 кишвар ширкат меварзанд. Муштзаноне, ки дар мусобиқаи мазкур нишони тилло ба даст меоранд, бо маблағи 100000 $, нишони нуқра 50000 $, нишони биринҷӣ 25000 $ қадрдонӣ карда мешаванд.