"Зенит" ба зинаи сеюми Евролига баромад

"Зенит" ба зинаи сеюми Евролига баромад

Дар доираи даври 21-уми Лигаи Аврупо оид ба баскетбол, дар шаҳри Санкт-Петербург дастаи “Зенит” дар майдони худ "Анадолу Эфес"-и Туркияро қабул кард. Бозии дастаҳо шадид ҷараён гирифта, бо ҳисоби  85 бар 78 ба суди русҳо анҷом ёфт. Дар байни ғолибон самараноктарин бозингар Вилл Томас буд, ки 14 имтиёз ба даст овард. Аз ҳайати "Анадолу" Василий Мичич 23 имтиёз кор кард. Пас аз ин ғалаба,  "Зенит" ба зинаи 3-юми ҷадвали мусобиқа баромад.