Жорди Алба барои “Барселона” дастнорас шуд

Жорди Алба барои “Барселона” дастнорас шуд

Ҳимоятгари испании дастаи “Барселона” Жорди Алба дар бозии Лигаи Чемпионҳо бо “Бавария” маҷруҳ шуд. Футболбоз дар дақиқаи 30-юм маҷбур шуд, ки майдонро тарк кунад. Ба ҷои ӯ, Оскар Мингеса ба майдон баромад. Эҳтимол меравад, ки Алба аз мушакҳои пушти рон осеб дидааст. Алба дар ин мавсим дар 15 бозӣ 5 партофти головар кардааст.