Зидан танҳо бо як шарт сармураббии “ПСЖ” мешавад

Зидан танҳо бо як шарт сармураббии “ПСЖ” мешавад

Намояндагони “ПСЖ” бо собиқ сармураббии тими “Реал Мадрид” мулоқот карда, дар он имкони таъйини мураббии фаронсавӣ ба ҳайси сармураббии парижиҳоро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хабаргузории Marca.

Ба иттилои манбаъ аз ҷониби “ПСЖ” дар ин вохӯрӣ директори варзишии парижиҳо Леонардо ва менеҷери генералии бошгоҳ Жан-Клод Блан ширкат доштанд. Тибқи гуфтаҳо Зидан бояд,ки аз тобистони соли 2022 сармураббии дастаи парижӣ гардад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Маурисио Почеттино бо сабаби ихтилофи назар бо директори варзишии клуб Леонардо ва инчунин ба далели надоштани қобилияти қабули қарорҳои мустақил мехоҳад аз ПСЖ равад. Дастаи ояндаи мутахассиси аргентинӣ "Манчестер Юнайтед" гуфта мешавад.

Зинедин Зидан бошад дар охири мавсими гузашта “Реал Мадрид”-ро тарк кард, аммо ба ҳамагон рӯшан сохт, ки мехоҳад дар давоми сол истироҳат кунад.