Агнешка Радванска ба даври 4/1 ниҳоии мусобиқоти Сидней роҳхат гирифт

Агнешка Радванска ба даври 4/1 ниҳоии мусобиқоти Сидней роҳхат гирифт

Теннисбози полшагӣ Агнешка Радванска дар мусобиқоти кушоди WTA Сидней, ки таҳти рақами 2 ҳунарнамоӣ дорад, дар даври дуюм бо намояндаи Амрико Кристина Макхэйл рақобат намуд. Бозии варзишгарон дар ду пайт бо ҳисоби 7:6 (7:1), 6:1 ба суди ракеткаи сеюми ҷаҳон хотима ёфт. Баъди ин пирӯзи Агнешка Радванска роҳи худро ба даври 4/1 ниҳоии мусобиқаи мазкур ҳамвор кард. Хотирасон мешавем, ки барои роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ теннисбози полшагӣ бо намояндаи Чин Дуан Инъин рақобат мекунад.