ФИФА шумораи иштирокчиёни Ҷоми Ҷаҳонро ба 48 расонид

ФИФА шумораи иштирокчиёни Ҷоми Ҷаҳонро ба 48 расонид

Шӯрои Федератсияи байналмилалии футбол-ФИФА пешниҳодро дар бораи аз 32 то ба 48 даста расонидани мунтахабҳои иштирокчии чемпионати ҷаҳон пазируфт. Тасмими мазкур дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои ин созмони бонуфузи футбол дар шаҳри Сюрихи Швейтсария рӯи даст гирифта шуд. Низоми нави матраҳ ҳамакнун қарор аст, ки дар сабқатҳои Ҷоми ҷаҳон-2026 ҷорӣ шавад. Ба ҷонибдории ин навоварӣ аъзои Шӯрои ФИФА якдилона раъй доданд. Чуноне қаблан гуфта мешуд, дар сурати ҷорӣ намудани низоми ҷадид ба даври плей-оффи Ҷоми ҷаҳон ду дастаи беҳтарин роҳхат ба даст хоҳанд овард. Аммо фосилаи баргузории мусобиқот тағйир наёфта, рақобатҳо ҳамоно дар гузораи як моҳ сурат мегиранд. Мутобиқ ба реҷаи нав 48 даста ба 16 гурӯҳ тақсиму таҷзия мешаванд, ки дар ҳартои он се тими мунтахаб ҷо хоҳад ёфт. Интизор меравад, ки аз қораи Аврупо 16 мунтахаб ҳуқуқи иштирок дар Ҷоми ҷаҳонро пайдо мекунанд. Барои қораву ҳавзаҳои Африқо, Осиё, КОНМЕБОЛ, КОНКАКАФ ва Уқёнус низ шумораи мунтахабҳои иштирокдори сабқати ҷаҳонии футбол дар соли 2026 меафзояд.