Ғалабаи Яир Родригес дар мусобиқаи “UFC Fight Night 103”

Ғалабаи Яир Родригес дар мусобиқаи “UFC Fight Night 103”

Дар шаҳри Финикси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мусобиқаи муҳорибаи омехта “UFC Fight Night 103” баргузор гардид. Дар ин мусобиқа собиқ қаҳрамони UFC Би Ҷей пас аз 2,5 соли камфаъолиаш бо варзишгари мексикоӣ Яир Родригес қувва озмуд. Родригес аз дақиқаҳои аввали муҳориба фаъолияти худро нишон дод. Ӯ дар қисми аввали муҳориба моҳирона ба Би Ҷей бо пой зарбаҳои қавӣ мезад. Дар қисми дуюми муҳориба бошад, Яир Родригес хело комбинатсияи худро анҷом дод. Вай бо пояш ба сари Би Ҷей зарбаи қавӣ зада, боз бо дасти рост як зарбаи дигар илова намуд, ки ин сабаби аз пой афтодани Би Ҷей гашт. Яир баъд аз пой афтодани Би Ҷей ба ӯ ҳамла кард. Дар ин ҳангом довар маҷбур шуд, ки ба муҳориба қатъ намояд. Ҳамин тавр Яир Родригес тавонист ғолибиятро ба даст орад.