Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаи пойга ва бузкашӣ дар вилояти Суғд баргузор шуд

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаи пойга ва бузкашӣ  дар вилояти Суғд  баргузор шуд

26 –уми март дар ипподроми ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаи пойга ва бузкашӣ баргузор гардид. Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар додааст.

Қабл аз оғози мусобиқаи пойга ва бузкашӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари Федератсияи миллии човандозон ва пойгаҳи аспдавонӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иштирокчиён ва тамоми сокинони вилоятро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ, афзун намудани сафи дӯстдорони табиат ва рушди соҳаи асппарварӣ ҳамасола бозиҳои миллии пойга ва бузкашӣ ташкил карда мешавад.

Ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи чорвопарварӣ, аз ҷумла соҳаи асппарварӣ барномаҳои дахлдор қабул гардида, ҳамасола афзун намудани саршумори аспҳои зотӣ амалӣ гардонида мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 марти соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 9262 сар асп парвариш карда мешавад, ки аз он 2041 сар дар бахши кишоварзӣ ва 7221 сар дар бахши хоҷагиҳои аҳолӣ мебошад. Вобаста ба хушзот намудани саршумори мавҷуда ва афзун намудани аспҳои зотӣ аз тарафи мутахассисон тадбирҳои муайян амалӣ карда мешавад.

Ҷиҳати рушди варзиши аспӣ дар вилоят мактаби варзиши аспии чавгон ва аспбозӣ фаъолият дошта, дар он 15 нафар варзишгарон бо 25 сар аспҳои зотӣ сарҷамъ гардидаанд.

Ҳамчунин, дар ҳудуди вилоят ассотсиатсияҳои асппарварӣ ташкил гардида, дӯстдорони табиат парвариши аспҳои зотии тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекиникиро ба роҳ монда, баробари мусобиқаҳои вилоятӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ иштироки фаъолона доранд.

Мусобиқаи пойга ва бузкашӣ ҳамчун суннатҳои деринаи наврўзӣ барои густариш ёфтани варзиш дар байни мардум, хосатан ҷавонон мусоидат карда, аз ҷониби дигар барои боз ҳам қавитар намудани муносибатҳои дўстонаи байни халқҳо мусоидат менамояд.

Дар мусобиқаи пойга ва бузкашӣ човандозону паҳлавонон маҳорати худро нишон дода, беҳтаринҳо бо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуданд.