Баргашти Лигаи Чемпионҳо ба ТВ “Варзиш”

Баргашти Лигаи Чемпионҳо ба ТВ “Варзиш”

Тимҳои футболи «Ювентус»-и Италия ва  «Базел»-и Шветсария дар гурӯҳҳои худ зинаҳои дуюмро ишғол карда буданд. Маҳз ба ҳамин хотир аввалин дидори даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупоро дар хонаи худ баргузор мекунанд. Туриниҳо дар ҷадвали умумии Чемпионати Италия низ дар зинаи дуюм қарор доранд, Имсол барои “Ювентус” дарёфти қаҳрамонӣ дар серияи “А” мушкилтар гаштааст. Аммо ин тими футбол охирон маротиба рӯзи 9-уми декабр имтиёз аз даст дода буду тамом. Дар 8 бозии охир “Ювентус” 8 ғалаба ба даст оварда, 20 голро ба дарвозаи рақибон ворид сохтааст. Дарвозабони собиқадори ин тим Ҷанлуиҷи Буффон 500–умин дидори худро дар ҳайати “Ювентус” дар Сериаи "А” баргузор намуд. Мушкилоти ягонаи “Ювентус” дар рақобат бо “Тоттенхем” набудани ҳамлагар Пауло Дибала хоҳад шуд.  Гуфта мешавад, ки вориди майдон нашудани ин бозингар  аз эътимол дур нест.  “Тоттенхэм” назар ба “Ювентус” дар Лигаи Чемпионҳо таҷрибаи иштироки камтар дорад, аммо ин тим дар бозиҳои гурӯҳӣ аз қаҳрамони кунунии мусобиқот “Реал Мадрид” пеш гузашта, мақоми аввалро ишғол намуд. Дар ихтиёри Маурисио Почеттино беҳтарин ҳайат ба ҳам омадааст, бахусус ӯ нишонзани беҳтарини ПЛА-ро дорад. Ҳарри Кейн дар 26 бозӣ, 23 гол задааст.  Бозии «Ювентус» ва «Тоттенхэм» дар варзишгоҳи «Алянс- Стэдиум»-и шаҳри Турини Италия баргузор мегардад.  Ҳаводорони ва мухлисони футбол метавонанд, ки бозии мазкурро имшаб соати 00:45 ба таври зинда дар ТВ “Варзиш” тамошо намоянд.