Беҳрӯзи Хоҷазода ва Хушкадам Хусравов муҷозот шуданд

Беҳрӯзи Хоҷазода ва Хушкадам Хусравов муҷозот шуданд

Федератсияи байналмилалиии ҷудо (IJF) дар як мактуби расмӣ президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон - Нурулло Лоиқовро аз салби салоҳияти ҷудочии номдору муваффақи кишвар - Беҳрӯзи Хоҷазода ва паҳлавони дигар Хушқадам Хусравов огоҳ намудааст. Дар мактуб омадааст, ки Беҳрӯзи Хоҷазода ва Хушқадам Хусравов бо сабаби ширкат дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар соли 2018 бе мувофиқа ва иҷозати IJF, ки ин ҳарду дар он ба қайд гирифта шудаанд ба фурсату фосилаи ду моҳ аз ҳаққи ширкат дар ҳама мусобиқаҳо (IJF) маҳрум карда  шуданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2017 Беҳруз Хоҷазода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо ва Хушқадам Хусравов дар соли 2018 тахти қаҳрамониро мансуби худ намуда буданд. Соли равон Беҳруз Хоҷазода дар мусобиқаи Гранд Слам оид ба ҷудо дар Екатеринбурги Россия ширкати фаъол намуда, барандаи медали биринҷӣ гардида буд ва дар баробари ин муваффақият ӯ соҳиби имтиёзҳои муҳими олимпӣ шуд. Ҳамакнун ин ду варзишгар ба муҳлати 2 моҳ аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои муҳим, аз ҷумла Хоҷазода Беҳрӯз аз имкони қаҳрамоншавӣ дар Чемпионати Осиё маҳрум шуданд. Хушқадам Хусравов гарчанде дар мусобиқотҳои ҷудои байналмилалӣ фаъол нест, аммо қайди номаш дар пойгоҳи ҷудокорони тоҷик дар системаи IJF ӯро аз ҳаққи иштирок маҳрум менамояд.