ФИФА рӯйхати 55 номазади мудаӣ ба дастаи беҳтарини солро мунташир кард

ФИФА рӯйхати 55 номазади мудаӣ ба дастаи беҳтарини солро мунташир кард

Федератсияи байналмилалии футбол дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи футболбозони касбӣ рӯйхати 55 футболбозро, ки барои дастаи рамзии соли 2016 муддаӣ ҳастанд, эълон намуд. Раъйи зиёда аз 25 ҳазор футболбози ҳирфаӣ аз 75 кишвари дунё “тими бартари сол”-ро муайян хоҳад кард. Тавре хадамоти матбуоти ФИФА иттилоъ медиҳад, ҳар як футболбоз имкон дорад, то ба як дарвозабон, чор муҳофизатгар, се нимуҳофизатгар ва се ҳамлагар овоз диҳад.

Дарвозабонҳо: Клаудио Браво («Барселона»/«Манчестер Сити»), Ҷанлуиҷи Буффон («Ювентус»), Давид де Хеа ( «Манчестер Юнайтед»), Кейлор Навас («Реал»), Мануэл Нойер («Бавария»). 

Муҳофизатгарон: Давид Алаба («Бавария»), Хорди Алба («Барселона»), Серж Оре («ПСЖ»), Эктор Белерин («Арсенал»), Жером Боатенг («Бавария»), Леонардо Бонуччи («Ювентус»), Даниэл Карвахал («Реал»), Ҷорджо Келлини («Ювентус»), Дани Алвес («Барселона»/«Ювентус»), Давид Луис («ПСЖ»/«Челси»), Диего Годин («Атлетико»), Маттс Хуммелс («Боруссия» Д / «Бавария»), Филипп Лам («Бавария»), Марсело («Реал»), Хавер Маскерано («Барселона»), Пепе («Реал»), Херард Пике («Барселона»), Серхио Рамос («Реал»), Тияго Силва («ПСЖ»), Рафаэл Варан ( «Реал»).

Нимуҳофизатгарон: Хаби Алонсо («Бавария»), Серхио Бускетс («Барселона»), Кевин де Брёйне («Манчестер Сити»), Эден Азар («Челси»), Андрес Иниеста («Барселона»), Н`Голо Канте («Лестер»/«Челси») Тони Кроос («Реал»), Лука Модрич («Реал»), Месут Озил («Арсенал»), Димитри Пайет («Вест Хэм»), Пол Погба («Ювентус»/«Манчестер Юнайтед»), Иван Ракитич («Барселона»), Давид Силва («Манчестер Сити»), Марко Верратти («ПСЖ»), Артуро Видал («Бавария»). 

Ҳамлагарон: Серхио Агуэро («Манчестер Сити»), Гарет Бэйл («Реал»), Карим Бензема («Реал»), Криштиану Роналду («Реал»), Пауло Дибала («Ювентус»), Антуан Гризманн («Атлетико»), Гонсало Игуаин («Наполи»/«Ювентус»), Златан Ибрагимович («ПСЖ»/«Манчестер Юнайтед»), Роберт Левандовски («Бавария»), Лионел Месси («Барселона») Томас Мюллер («Бавария»), Неймар («Барселона»), Алексис Санчес («Арсенал»), Луис Суарес («Барселона») ва Ҷейми Варди («Лестер»).

Тими беҳтари сол зимни як маросими расмӣ дар шаҳри Сюрихи Швейтсария 9-уми январи соли 2017 маълум карда мешавад.