Ҳимоятгари “Реал” ду моҳ аз футбол маҳрум шуд

Ҳимоятгари “Реал” ду моҳ аз футбол маҳрум шуд

Ҳимоятгари бошгоҳи шоҳонаи “Реал”-и Мадрид Хесус Валерхо муддати ду моҳ аз кӯмак ба тими хеш маҳрум шуд. Дар ин бора сомонаи расмии “гаразмониҳо” хабар медиҳад. Бояд ёдовар шуд, ки Валерхо дар бозии аввали даври ¼ ниҳоии Ҷоми Испания бар зидди тими “Леганес” ҷароҳати сахт бардошата, майдонро тарк намуд. Баъди натиҷаи ташхис маълум гардид, ки ҷароҳати бардоштаи бозигар хеле ҷиддӣ аст ва тӯли ду моҳ худро аз футбол канор гирад.