Охирин ғалабаи Усэйн Болт дар Лигаи алмосин

Охирин ғалабаи Усэйн Болт дар Лигаи алмосин

Давандаи шуҳратёри олам Усэйн Болт дар Лигаи алмосин барои охирин бор ширкат намуда, пирӯзӣ ба даст овард. Ин варзишгари 30 солаи ямайкагӣ баъд аз ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии 2016 аз хотимаи фаъолияти касбияш иттилоъ дода буд. Усэйн Болт дар мусобиқаи Лигаи алмосин ба истилоҳ “Diamond League”, ки дар Монако баргузор гардид, дар масофаи 100 метр маротибаи охирин ширкат намуду беҳтарин натиҷаи худро дар соли 2017 нишон дод. Болт масофаи 100 метрро дар 9,95 сония тай намуду аввал шуд. Ҷойи дуюмро варзишгари амрикоӣ Исайя Янг бо нишон додани натиҷаи 9,98 сония ишғол кард. Нишони биринҷии мусобиқа насиби давандаи Африқои Ҷанубӣ Акани Симбине гардид. Усэйн Болт дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2017, ки дар Лондон баргузор мегардад, барои охирин бор ширкат хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки Усейн Болт 8 карат қаҳрамони олипӣ ва 11 карат қаҳрамони ҷаҳон мебошад. Дар тӯли фаъолияти касбияш дар риштаи варзиши сабук Усейн Болт 8 рекорди ҷаҳонӣ ба номаш муҳр задааст.