Рио Фердинанд муштзани касбӣ шуданист

Рио Фердинанд муштзани касбӣ шуданист

Собиқ ҳимоятгари тими мунтахаби миллии Англия Рио Фердинанд мехоҳад худро дар бокси касбӣ бисанҷад. Фердинанд қайд намуд, ки рӯзи 19 сентябр қарори қаъии худро эълон хоҳад кард. Ин бори аввал нест, ки футболбоз ба варзиши муштзанӣ мегузарад. Собиқ бозигари тими мунтахаби миллии ҷавонони Англия Кертис Вудхаус аз соли 2006 то ба 2014 22 маротиба ба ринг баромада буд. Рио Фердинанд дар дастаҳои “Вест Хэм”, “Борнмут”, “Лидс” ва “Манчетер Юнайтед” бозӣ карда, дар тӯли корномаи варзишии худ 14 ҷомро ба даст овардаас