“Тӯби тилло” бар ивази ҳунари воло

“Тӯби тилло” бар ивази ҳунари воло

Маҷаллаи машҳури “France Football” дирӯз молики ҷоизаи  “Тӯби тилло”-ро бо эътино ба соли 2017 муайян намуд. Унвони беҳтарин футболбози сайёраро бо касби ройи бештари хабарнигорони риштаи варзиши дунё бозигари бенадиди бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” ва қаҳрамони феълии қораи Аврупо мунтахаби Португалия Криштиану Роналду ба номи худ ихтисос дода, барои панҷумин бор “Тӯби тилло”-ро ба даст овард. Маросими тақдими ҷоизаи “Тӯби тилло” дар Манораи машҳури “Эйфел”-и шаҳри Париж сурат гирифт. Аз нигоҳи ин дастмӯза ӯ акнун ба футболбози дастони “нилунориҳо” Лионел Месси, ки дар заминаи ройпурсии навбатӣ зинаи дуюмро ишғол кард,  баробар омад.  Дар мақоми сеюми ифтихорӣ дар ин иртибот футболбози беҳамтои тими ПСЖ Неймар қарор гирифт. Ёдовар мешавем, ки Криштиану Роналду қабл аз ин ҷоизаи бонуфузи мазкурро солҳои 2008, 2013, 2014 ва 2016 низ ба хазинаи дастовардҳои худ афзуда буд.