“Ҳосилот” барандаи Ҷоми ЛФТ 2023 гардид!

“Ҳосилот”  барандаи Ҷоми ЛФТ  2023 гардид!

Дирӯз, 15 март дар шаҳри Гулистон мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон бо ширкати бошгоҳҳои лигаи олии кишвар бо пирӯзии дастаи «Ҳосилот»-и Фархор ба анҷом расид.

Дар бозии финалӣ «Хуҷанд» ва «Ҳосилот» вохӯрданд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 25-ум ҳимоятгари «Хуҷанд» Тони Бикатал кушод. Дар лаҳзаҳои охири нерӯсанҷӣ Наврӯз Рустамов аз зарбаи ҷаримавии 11-метра таносубро барқарор кард. Дар силсилаи зарбаҳои пеналти футболбозони «Ҳосилот» дақиқтар баромаданд – 3:2.

Медалҳои биринҷии Ҷоми Лига насиби бозигарони «Эсхата»-и Хуҷанд гардиданд, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Аз ҳайати «Эсхата» Дилшод Бозоров ва Дилшод Каримов гол заданд.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023

Бозӣ барои ҷойи сеюм

«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата» – 0:2

Голҳо: Дилшод Бозоров, 31 (0:1). Дилшод Каримов, 90+3 (0:2).

Аз майдон берун карда шуданд: Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»), 64 – барои таҳқири рақиб, Соҳибҷон Ҳакимов («Эсхата»), 64 – барои таҳқири рақиб.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Дилшод Бозоров («Эсхата»).

15 март. Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон-2». 100 тамошобин.

Финал

«Хуҷанд» – «Ҳосилот» – 1:1. Аз рӯйи пеналти – 2:3

Голҳо: Тони Бикатал, 25 (1:0). Наврӯз Рустамов, 90+4 (1:1).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Фатҳулло Бобоев («Ҳосилот»).

15 март. Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон-1». 100 тамошобин.