Агуэро "МС"-ро тарк мекунад. Ӯро дар кадом даста дидан мехоҳед?

Агуэро "МС"-ро тарк мекунад. Ӯро дар кадом даста дидан мехоҳед?

Дастаи “Интер” нақша дорад, ки сафдари сафшикани “Манчестер Сити” Серхио Агуэроро харидорӣ намояд. Миланиҳо тайёранд, ки дифоъгар Милан Шкринярро бо Агуэро иваз намоянд. Ёдовар мешавем, ки Милан Шкриняр дар бозии даври 27-уми Серияи А бар зидди “Сассуоло” корти сурх гирифта, аз ҳаққи ширкат дар се бозӣ маҳрум шуд.

Дар ин мавсим Агуэро дар 32 бозӣ иштирок карда, ба задани 23 тӯб даст ёфтааст.