Ҳаким Зиеш «МС»-ро хафа ва «Челси»-ро ба финал бурд

Ҳаким Зиеш «МС»-ро хафа ва «Челси»-ро ба финал бурд

Бо омадани мутахассиси олмонӣ ба сари чамбараки “Челси” ҳама чиз тағйир ёфт. Ин мураббии кордону оқил дар муддати кӯтоҳ “Челси”-ро ба элитаи пешинаи хеш баргардонид. Дар як ҳафта “ашрофзодаҳо” бо раҳбарии Тухел ҳам ба нимфинали Лигаи Чемпионҳо ва ҳам ба финали Ҷоми Лигаи Англия роҳ ёфтанд. Дар нерусанҷии даври ½ финали мусобиқаи Ҷоми Лигаи Англия дастаи “Челси” бо тими “Манчестер Сити” рӯ ба рӯ гардид. 

Набарди ин ҳарифони ташнаи гол дар варзишгоҳи муҳташами «Уэмбли» баргузор шуда, бо натиҷаи як бар ҳеҷ ба суди лондониҳои кабутпуш хотима ёфт. Гарчанде, ки дастаҳо рақобатро фаъол ва пуршиддат оғоз намуда бошанд ҳам, аммо қисми аввали бозӣ бидуни гол хотима ёфт. Томас Тухел дар танаффус ба шогирдонаш чӣ тавсияе дод, ки дар оғози пайти дуюм фаъол шуда, дар дақиқаи 55-ум бо голи задаи нимҳимоятгари марокашӣ - Ҳаким Зиеш ба пеш баромаданд. 

Дар идомаи дидор шогирдони Гвардиола ҳарчанд талоши баробар намудани ҳисобро намуданд, вале хати дифоъи “Челси” ба монанди девори бузурги Чин қавӣ буда, ҳарифро ба назди дарвозаашон наздик шудан намемонданд. Ҳамин тавр “Челси” бо шарофати голи Зиеш ба финали Ҷоми Лигаи Англия роҳ ёфт. Акнун дар финал “ашрофзодаҳо” бо ғолиби ҷуфти «Лестер Сити» ва «Саутгемптон» набард мекунанд.