Ғалабаи мушкили "Челси" дар дерби

Ғалабаи мушкили "Челси" дар дерби

Дербии Лондони ғарбӣ бо ширкати дастаҳои "Фулҳэм" ва "Челси" дар даври 18-ум доир шуд. Вохӯрии дастаҳо бо натиҷаи 0:1 ба фоидаи "ашрофзодаҳои" Лондон ба поён расид. Ғалабаи мушкили дастпарварони Фрэнк Лэмпардро голи задаи Мейсон Маунт дар дақиқаи 78-ум овард. Баъди он, ки дар поёни нимаи аввал Энтони Робинсон, ҳимоятгари дастаи "Фулҳэм" корти сурх гирифт, бартарии меҳмонон дар қисми дуюм дучанд гардид.   Ҳамин тавр то бозиҳои дигар дастаи "Челси" ба мақоми 7-уми ҷадвал баромад. "Фулҳэм" дар ҷойи 18-ум қарор дорад.