Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар оғози Ҷоми Осиё-2024 бар тими Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуд

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар оғози Ҷоми Осиё-2024 бар тими Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар бозии аввали худ дар Ҷоми Осиё-2024 бар тими Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуд.

Вохӯрӣ имрӯз, 18 апрел дар маҷмааи варзишии «Бангкок Арена» баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров заданд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври дуюм тими футзали Тоҷикистон рӯзи 20-уми апрел бо тими миллии Қирғизистон бозӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо дар маҷмааи варзишии «Бангкок Арена» доир мешавад. Оғози рақобат ба вақти Душанбе соати 12:00 аст.