Анчелотти дар бораи бозӣ бо "Манчестер Сити": Пеп метавонад ором бошад, ман ҳеҷ гуна сюрприз надорам!”

Анчелотти дар бораи бозӣ бо "Манчестер Сити": Пеп метавонад ором бошад, ман ҳеҷ гуна сюрприз надорам!”

Сармураббии бошгоҳи шоҳонаи шаҳри Мадрид Карло Анчелотти дар бораи бозии ҷавобии даври 1/4 - ниҳоии Лигаи Чемпионҳо, ки дар он “Реал Мадрид” бо “Манчестер Сити” бозӣ мекунад, ибрози назар кард. Вохӯрии дастаҳо имшаб, 17-уми апрел баргузор мешавад.

“Мо нақша дорем, ки як бозии олӣ нишон диҳем. Албатта, мо хуб ҳуҷум мекунем ва хуб дифоъ мекунем. Ман боварӣ дорам, ки бозии босифат дар ҳамлаҳои ҷавобӣ бояд мураккаб бошад. Бо вуҷуди ин, мо танҳо ба як ҷанбаи бозӣ диққат намедиҳем.

Гвардиола шояд сюрприз кунад? Не (механдад). Ба фикрам, мо якдигарро хеле хуб мешиносем. Пеп метавонад ором бошад, зеро ман ҳеҷ чиз ихтироъ кардани надорам”, - иқтибос меорад Marca аз суханони Анчелотти.

Ёдовар мешавем, ки ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Иттиҳод”-и шаҳри Манчестер баргузор мешавад. Бозӣ соати 23:50 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Бозии аввал бо ҳисоби 3:3 дар Мадрид анҷом ёфта буд.