“Астон Вилла” як қаҳрамони дигарро шикаст дод

“Астон Вилла” як қаҳрамони дигарро шикаст дод

Рақобати охирини барномаи бозиҳои рӯзи якшанбе дар ПЛА дидори дастаҳои “Лестер” ва “Астон Вилла” ба ҳисоб мерафт. Меҳмонон ба ин дидор ҳамчун ягона   дастае ҳозир шуданд, ки дар ПЛА ягон имтиёзро аз даст надодаанд. “Рубоҳон” бошанд дар даври гузашта аз “Вест Хем” шикаст хурданд. Чанд бозигари ҳайати асосии “Лестер” аз ҷумла Чаглар Сеёнжу, Ҷеймс Мэддисон, Ҷейми Варди бо сабаби осеб ба рубаҳон кӯмак кардан натавостанд. Мэддисон дар ҳайати захиравӣ қарор дошт ва дар нимаи дуввум ба арсаи майдондорӣ ворид шуд.

Дар нимаи аввали рақобат ба дастаҳо муяссар нашуд, то хатти дарвозаро убур кунанд. Имкониятҳои голзанӣ ҳам дар қисми аввали қувваозмоӣ хеле кам ба чашм расиданд. Дар қисми дуввуми дидор суръати бозӣ баландтар шуд. Дастаҳо ҳарчанд имкониятҳои голзанӣ доштанд, лек то дақиқаи 90-ум ҳисоб бетағйир монд. Дар вақти замъкарда бозигари нави “Астон Вилла” Росс Баркли берун аз ҷаримагоҳ зарба зад, ки Шмейхел онро бартараф кардан натавонист.

Ҳамин тариқ “Астон Вилла” бо4 ғалаба дар 5 даври аввали, ягона дастаи ПЛА боқӣ монд, ки имтиёз аз даст надодааст. “Лестер” бошад 2 бозӣ пайиҳам мағлуб шуд.