Аввалин ниммарафони кушоди ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоизаи Раиси шаҳри Панҷакент

Аввалин ниммарафони кушоди ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоизаи Раиси шаҳри Панҷакент

19-уми сентябри соли 2021 соати 09:00 дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи варзиши сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Панҷакент аввалин ниммарафони кушоди ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоизаи Раиси шаҳри Панҷакент бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар мусобиқаи мазкур иштироки варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, ва ШНТҶ дар назар аст. Ба диққати иштирокчиён расонида мешавад, ки барои иштирок дар мусобиқа 250 сомонӣ ҳаққи узвият (взнос) пардохт мекунанд, ки ба фонди бемориҳои аутизм ирсол карда мешавад.

Инчунин дар ин мусобиқа барои ғолиби мақоми аввал 500 доллари амрикоӣ, барои зинаи дуюм 300 доллар ва барои ҷойи сеюм 200 доллар муқаррар шудааст. Шитобед то дар мусобиқаи мазкур ширкат варзед.

Телефон барои тамос: +992 935 06 38 88, 919 01 30 00 (Мухторов Фотеҳ, шахси масъул).