Ҳайати ҷавонони «Локомотив-Помир» пешсафи ягона

Ҳайати ҷавонони «Локомотив-Помир» пешсафи ягона

Дар мусобиқа байни ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон бозиҳои даври пеш аз ҷамъбастии қисми якуми он баргузор шуданд. Муддаии асосии медалҳои тилло – ҳайати ҷавонони “Локомотив-Помир” дар ин давр бар ҳайати ҷавонони “Хуҷанд” бо ҳисоби бузурги 5:0 дастболо шуд. Дар ҳашт даври мусобиқа “роҳиоҳанчиёни ҷавон” 24 имтиёзи имконпазирро соҳиб шуданд. 

Мусобиқа байни ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон. Даври 8-ум 

«Файзканд» – «Истиқлол» – 2:2 

Голҳо: Умедҷон Бадалов, 29 (1:0). Умедҷон Бадалов, 55 (2:0). Субҳон Исмоилов, 60 (2:1). Ҷаҳонгир Холов, 87 (2:2). 


«Локомотив-Помир» – «Хуҷанд» – 5:0 

Голҳо: Хусрав Тоиров, 19 (1:0). Алиҷони Айнӣ, 51 (2:0). Хусрав Тоиров, 56 (3:0). Хуршед Давлатзода, 74 (4:0). Абдулфаттоҳи Худойдодзода, 76 (5:0).    

«Душанбе-83» – «Истаравшан» – 1:2 

Голҳо: Набиҷон Расулов, 2 – аз пеналти (0:1). Хуршед Файзуллоев, 23 – ба дарвозаи дастаи худ (0:2). Фарҳод Қосимов, 80 (1:2).    

КМВА – «Регар-ТадАЗ» – 1:0 

Гол: Комрон Иброҳимов, 46. 

«Хатлон» – «Кӯктош» – 3:2 

Голҳо: Комрон Исмоилов, 21 (1:0). Маҳмадиёр Маҳмадов, 24 (2:0). Муҳаммад Гулаев, 41 (2:1). Атҳамҷон Абдуллоев, 53 (2:2). Адам Бикадоров, 86 (3:2).

Нишонзанҳо: Парвизҷон Алиев («Хуҷанд») – 10 гол, Сунатулло Азизов («Локомотив-Помир») – 9 гол, Муҳаммад Гулаев («Кӯктош») – 7 гол.