Барои “Колорадо Эваланш” як қадами дигар монд то “Ҷоми Стэнли”-ро ба даст биёрад

Барои “Колорадо Эваланш” як қадами дигар монд то “Ҷоми Стэнли”-ро ба даст биёрад

Дар варзишгоҳи “Амали Арена”-и шаҳри Тампаи ИМА бозии чаҳоруми финалии Ҷоми Стэнли баргузор шуд, ки дар он “Тампа - Бэй Лайтинг” ва “Колорадо Эваланш” ба масофи ҳам омаданд. Дар вохӯрӣ меҳмонон бо ҳисоби 3 бар 2 музаффарият ба даст оварданд.

Ҳамин тариқ, ҳисоб дар силсилабозтҳо  бо натиҷаи 3 бар 1 ба фоидаи “Колорадо”  шуд. Бозии навбатии ин дастаҳо рӯзи  25 –уми июн соати 05:00  ба вақти Душанбе доир мешавад.

Ёдовар мешавем , ки  дастаи “Тампа”  мавсими муқаррарии Лигаи миллии хоккейро  бо 110 имтиёз дар зинаи панҷум дар ҷадвал ба анҷом расонд. “Колорадо”  дар навбати худ бо 119 хол дар  Конференсияи Ғарбӣ ҷойи якумро ишғол кард.

ЛМХ - Финал.Ҷоми  Стэнли. Бозии 4-ум

“Тампа-Бэй Лайтнинг” 2 : 3  “Колорадо Эвеланш”

Голҳо: 1:0 Чирелли (Чернак) – 00:36 (5x5) 1:1 Маккиннон (Рантанен, Макар) – 25:17 (5x4) 2:1 Хедман (Рутта) – 30:42 (5x5) 2:2 Коляно (Штурм, Хелм) – 42:53 (5x5) 2:3 Кадри (Лехконен, Кемпер) – 72:02 (5x5)