"Бавария" бори аввал аз соли 2020 ба даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт

"Бавария" бори аввал аз соли 2020 ба даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт

Рӯзи 17-уми апрел бозии ҷавобии даври чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо байни «Бавария»-и Олмон ва «Арсенал»-и Англия ба анҷом расид. Дастаҳо дар майдони “Алянс Арена”-и шаҳри Мюнхен доир гардид. Дар ин вохӯрӣ мизбонон бо ҳисоби 1:0 (ҳисоби умумӣ 3:2) ғалаба карданд.

Бо шарофати ин натиҷа "Бавария" ба даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт ва дар он ҷо бо “Реал Мадрид” вомехӯрад.

Ҳамин тариқ, «Бавария» барои аввалин бор аз соли 2020 ба даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳои УЕФА баромад. Қобили зикр аст, ки дар он мавсим дастаи Мюнхен ғолиби мусобиқа гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта тими Томас Тухел имкони пирӯзӣ дар Бундеслигаро дар охири мавсими ҷорӣ аз даст дод.