“Бавария” боз ба “Барселона” неш зад

“Бавария” боз ба “Барселона” неш зад

Ду тими пурқуввати Аврупо “Барселона” ва “Бавария” дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо бо ҳам рақобат намуданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “Камп Ноу”-и доир шуда, бо ҳисоби 3-0 бар нафъи тими олмонӣ хатм ёфт.

Дар рақобати дастаҳо аз оғоз то ба анҷом “Бавария” нисбати “Барселона” бештар ҳуҷумҳои хатарнок дошт. Дар дақиқаи 34-ум Томас Мюллер голи аввалини “Бавария”-ро ба ҳадаф расонд. Ҳамлавари соҳибноми тими олмонӣ Роберт Левандовский ба номаш “дубл” сабт намуд. Футболбозӣ полшагӣ дар дақиқаҳои 56-ум ва 85-ум голзанӣ намуда, пирӯзии комили тимашро таъмин сохт.

Баъди даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ “Бавария” дар зинаи аввали гурӯҳи Е қарор гирифта, “Барселона” зинаи чоруми гурӯҳи мазкурро касб намудааст.