Беҳрӯз Хайриев "Истаравшан"-ро аз бохт наҷот дод

Беҳрӯз Хайриев  "Истаравшан"-ро аз бохт наҷот дод

Дар даври 10-уми Лигаи олии мамлакат КМВА дар майдони худ бо "Истаравшан" бозӣ кард. Бозиро футболбозони мизбон фаъол оғоз карда, дар дақиқаи 13-ум бо голи задаи Шодибек Ғаффоров пешсаф шуданд. "Истаравшан" дақиқаҳои охири нимаи аввали рақобатро фаъол паси сар карда, ҳимоятгар Саиддостон Фозилов тавонист, ки дар дақиқаи 44-ум натиҷаро баробар намояд. Нимаи дуюми дидор низ ҷолиб ҷараён гирифт ва бештар бо бартарии футболбозони КМВА гузашт. Меҳмонон бошанд бештар аз аксулҳуҷумҳо кор мегирифтанд. Дар дақиқаҳои охири бозӣ довар ба фоидаи КМВА пеналти таъйин намуд. Беҳрӯз Хайриев тавонист, ки зарбаи задаи Шодибек Ғаффоровро баргардонида, дастаашро аз бохт наҷот дод. Ёдовар мешавем,ки ин аввалин бозии Беҳрӯз Хайриев бо пероҳани "Истаравшан" буд. Ӯ дар равзанаи гузариши футболбозон аз "Куктош" ба "Истаравшан" гузашт. Дар даври оянда КМВА дар сафар бо "Регар-ТадАЗ" бозӣ мекунад. "Истаравшан" бошад дар майдони худ дастаи "Душанбе-83"-ро қабул менамояд.