Беҳтарин дарвозабон дар таърихи футбол кист? Ба ин савол Румменигге ҷавоб мегуяд

Беҳтарин дарвозабон дар таърихи футбол кист? Ба ин савол Румменигге ҷавоб мегуяд

Роҳбари Раёсати бошгоҳи "Бавария" - Карл-Хайнтс Румменигге назари худро дар бораи он, ки киро беҳтарин дарвозабон дар таърихи футбол мешуморад, иброз дошт.

“Нойер беҳтарин дарвозабони ҷаҳон аст, ман фикр мекунам, ки ӯ ҳатто беҳтарин дарвозабон дар таърихи футбол аст. Мо ҳамеша дар Олмон, аз ҷумла дар “Бавария”, вақте ки дар бораи Зеппе Майере ё Оливере Кан сӯҳбат мекунем, дарвозабонҳои хуб доштем, аммо ман фикр мекунам, ки ин Мануэл Нойер буд, ки дарвозабониро ба сатҳи нав баровард", - иқтибос меорад Goal аз суханони Румменигге.

Дарвозабони 34-солаи олмонӣ Мануэл Нойер тобистони соли 2011 аз дастаи "Шалке 04" бар ивази 30 млн евро ба "Бавария" гузашт. Шартномаи ӯ бо “Бавария”-и Мюнхен то 30 июни соли 2023 амал мекунад.