Боз як Чемпионати дигар шуруъ шуд

Боз як Чемпионати дигар шуруъ шуд

Боз як чемпионати футбол роҳандозӣ шуд. Чемпионати Коста-Рика аввалин мусобиқаи футболе шуд, ки дар қитъаи Амрико аз нав ба роҳ монда мешавад.

Шаби гузашта дар Коста Рика чемпионати футболи ин кишвар, ки ба хотири пандемияи Ковид-19 мутавақиф шуда буд, аз нав роҳандозӣ гардид. Қобили зикр аст, ки тамоми рақобатҳои Чемпионати Коста-Рика бидуни мухлисон баргузор мешаванд.