Чаро Роналду ва Ятимов ҷанҷол карданд...!?

Чаро Роналду  ва  Ятимов ҷанҷол карданд...!?

Дар доираи бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё дастаҳои “Ал-Наср”-и шаҳри Риёз ва “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бозӣ карданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз дар ҳузури 20 770 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 1 ба суди мизбонон анҷом ёфт.

Голҳоро дар ин бозӣ аз ҳайати дастаи «Истиқлол» Сенин Себай дар дақиқаи 44-ум ва аз ҳайати тими “Ал-Наср” - Криштиану Роналду дар дақиқаи 66-ум ва Андерсон Талиска ду маротиба дар дақиқаҳои 72-юм ва 77-ум ба самар расониданд.

Дарвозабони дастаи “Истиқлол” – Рустам Ятимов дар ин бозӣ аз худ ҳунару маҳорати воло нишон дод ва хашми Роналдуро овард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархӯрди Роналду ва Ятимов тамошобинони зиёдеро ҷалб кард ва ҳатто шабакаҳои бонуфуз дар шабакаҳои иҷтимоии хеш аз навори бархӯрди ин бозигарон истифода бурданд. Он ҷо байни Рустам ва Роналду чӣ гузашта буд, дар ин матлаб мехонем.

— Бо Криштиану чӣ гуфтед?

« Роналду дар ҷараёни бозӣ каме асабонӣ буд, зеро мо бозиро кашола медодем. Шумо бояд фаҳмед, ки дар ин бозӣ «Ал-Наср» хело бо суръати баланд бозӣ мекард ва мо бояд тамоми усулҳоро барои паст кардани он истифода мекардед. Ин муқаррарӣ аст - ҳамаи дастаҳо ин корро мекунанд.

— Мулоқот чӣ гуна сурат гирифт?

— Росташро гӯям, ба якдигар дашном додан гирифтем. Роналду ишора кард ва ман чизе гуфтам. Ва ҳамин тавр рафт. Гуфтугӯ бо забони русӣ оғоз шуд, аммо ба ёдам омад, ки ӯ намефаҳмд, ҳаҳа... Пас аз он бо забонҳои сербӣ ва англисӣ суҳбат кардем. Аммо баъд аз ин мо якдигарро ба оғӯш гирифтем, сӯҳбат кардем ва бозиро идома додем. Ин эҳсосот чизҳои муқаррарӣ мебошанд.

— Оё Роналду дар синни худ хуб аст?

— Криштиану футболбози хеле баландсифат аст. Ман фаҳмидам, ки чаро ӯ барандаи панҷ ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” аст. Ӯ хело чусту чолок ва бо фикр бозӣ мекунад. Бубинед, ки ӯ тӯбро дар минтақаи такягоқи мо қабул мекунад, ва ба задани гол даст меёбад, ки касе инро интизор набуд. Ӯ ҳама вақт дар ҷараёни бозӣ кӯшиши голзаданро мекард.


— Вақте фаҳмидед, ки бар зидди Роналду бозӣ мекунед, чӣ эҳсосот Шуморо фаро гирифд?

— Рости гап, ман ягон чизи махсусе надидаам. Бозии оддӣ. Ҳама мегуфтанд: "Оҳ, Роналду!", аммо онҳо ҳамон футболбозон ҳастанд, танҳо тезтар, техникӣ ва оқилтар. Ман ин бозиро бесаброна интизор будам, асабӣ ҳам набудам. Ман чун одат ба ин бозӣ омодагии хуб дида будам.

— Ба омадани ситораҳо мухлисон чӣ гуна муносибат карданд?

"Ин барои онҳо ид буд!" Мардум инро интизор буданд. Вақте ки мо бо бошгоҳи “Ал-Дуҳайл”-и Қатар бозӣ кардем, трибунаҳо аз тақрибан 20 ҳазор нафар пур шуданд.Ҳаяҷон дар атрофи бозиҳо бузург буд.

Ин бозии таърихӣ зиёда аз 200 миллион тамошобинро дар назди экранҳои телевизион ҷалб кард. Ин рекорди мутлақ дар Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё маҳсуб мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар даври 3-юми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё рӯзи 24-уми октябр «Истиқлол» дар сафар бо «Персеполис»-и Эрон ва «Ал-Наср» дар сафар дар ҳамин рӯз бо «Ал-Дуҳайл»-и Қатар андари майдони рақобат мегарданд.