Доварони бозӣ байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон муайян шуданд

Доварони бозӣ байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон муайян шуданд

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2020 байни яккачинҳои Тоҷикистон ва Ҷопонро ҳайати доварон аз кишвари Ироқ ҳакамӣ мекунанд. Дар ин бозӣ довари асосии рефери ФИФА Муҳаммад Зайд Самир интихоб шудааст. Аз тарафҳои майдон ба ӯ ёваронаш Убайди Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ ва Ҷаббор Акрам Алӣ ёрӣ мерасонанд. Ёдовар мешавем, ки бозии дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон дар гурӯҳи «F» байни миллипӯшони Тоҷикистон ва Ҷопон санаи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Бозӣ соати 17:15 бо вақти Душанбе дар назар аст.

Ҷоми ҷаҳон-2022

Марҳилаи интихобӣ. Даври дуюм

Гурӯҳи «F». Даври 4-ум

15 октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ соати 17:15

ТОҶИКИСТОН – Ҷопон

Довари асосӣ: Муҳаммад Зайд Самир (Ироқ).

Ёварони довар: Убайди Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ, Ҷаббор Акрам Алӣ (ҳарду – Ироқ).

Довари эҳтиётӣ: Чаримурат Қурбанов (Туркманистон).

Нозири доварон: Энтони Ҷон Да Коста (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (АМА).

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе