Ду медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми Antalya Grand Slam 2024

Ду медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми Antalya Grand Slam 2024

Дар рӯзи якуми мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024 ҷудокорони тоҷик Эмомалии Нуралӣ ва Обид Ҷебов зери вазни то 66 кг аз худ ҳунару маҳорати баланд нишон дода, ба гирифтани медалҳои мусобиқа даст ёфтанд. Эмомалӣ барандаи нишони тилло ва Ҷебов барандаи нишони нуқраи вазни то 66 кг шуданд.

Ҷудокори ҷавони тоҷик Обид Ҷебов (-66 кг) дар даври аввали мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024 бо ҷудокори мизбон Миҳрак Аккуси 23 сола нерӯсанҷӣ кард, бо имтиёзи иппон пирӯзӣ ба даст овард.

Ҷебов дар даври дуюми мусобиқа муқобили Рашад Йелкийеви озарӣ тариқи огоҳӣ дар вақти тиллоӣ зафар ёфта, роҳашро ба даври сеюм ҳамвор кард.

Дар даври сеюм Ҷебов муқобили Орландо Поланкои кубагӣ дар вақти асосӣ бо ду имтиёзи вазарӣ дастболо гардида, роҳашро ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳамвор сохт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ бахт ба рӯи Обид Ҷебов нахандид ва ӯ аз Валид Кяри фаронсавӣ мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт.

Ҷебов дар даври тасаллобахши Antalya Grand Slam 2024 муқобили Нармандах Байанмунх аз АМА дар 14 сония пирӯзӣ ба даст оварда, дар мубориза барои нишони биринҷӣ Муҳаммад Демирели мизбонро дар 44 сония бо имтиёзи иппон шикаст дод ва нишони биринҷии мусобиқаро ба гардан овехт.

Ҷудокори ҷавону умедбахши дигари мо Эмомалии Нуралӣ (-66 кг) дар даври аввали мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024 озод буд ва дар даври дуюм бидуни мушкили муқобили Элиос Манзии итолиёвӣ бо имтиёзи иппон пирӯзӣ ба даст овард.

Паҳлавони соҳибноми мо дар даври сеюм муқобили Ҳаким Агамаммедов аз Туркманистон бо се огоҳӣ пирӯз шуда, роҳашро ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳамвор кард.

Эмомалӣ дар даври чаҳорякниҳоӣ муқобили Айбек Уулуи қирғиз бо як имтиёзи вазарӣ дастболо гардида, роҳашро ба даври нимниҳоӣ ҳамвор сохт.

Дар даври нимниҳоии мусобиқа Эмомалӣ муқобили Муҳаммад Демирели мизбон бо нерӯи рустамона мубориза бурда, бо ду имтиёзи вазарӣ зафар ёфта, ба финал баромад ва онҷо бо қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон ва қаҳрамони олимпӣ Ҳифуми Абеи 26 сола аз Ҷопон гӯштин гирифт. Эмомалӣ дар ин рақобати сахту сангин аз Ҳифуми Абе дар 49 сония бо имтиёзи иппон мағлуб шуда, барандаи нишони нуқраи мусобиқа гардид.

Ёдовар мешавем, ки бори дуюм аст, ки ин ду ҷудокор бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. Соли 2022 дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд Эмомалӣ дар як рақобати сахту сангин ва тӯлонӣ аз Абе мағлуб шуда буд.

Ғолиби вазни то 66 кг

1.Ҳифуми Абе (Ҷопон)

2.Эмомалии Нуралӣ (Тоҷикистон)

3.Обид Ҷебов (Тоҷикистон)

3.Валид Кяр (Фаронса)