Фабритсио Романо: Алонсо ба “Барселона” гузариш мекунад!

Фабритсио Романо: Алонсо ба “Барселона” гузариш мекунад!

Трансфери навбатии "Барселона" ҳимоятгари "Челси" -  Маркос Алонсои 31 сола хоҳад буд. Каталониҳо барои гузариши ӯ камтар аз 10 миллион евро пардохт мекунанд. Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, созишнома дар арафаи анҷомёбист. Гуфта мешавад, ки шартҳои қарордод як моҳ қабл мувофиқа шуда буданд. Барои ин гузариш розигии сармураббии “Челси”- Томас Тухелро мунтазир буданд, зеро мутахассиси олмонӣ гуфта буд, ки то трансфери Марка Кукурелла аз “Брайтон” амалӣ нашавад ба рафтани Алонсо розӣ намешавад.

Шартномаи Алонсо бо "Челси" то охири мавсими 2022/2023 амал мекунад. Алонсо дар мавсими гузашта дар ҳайати "Челси" дар ҳама мусобиқаҳо 44 бозӣ карда, ба задани 5 гол ва 4 партофти головар муваффақ шудааст.