ФИФА интихоби шаҳрҳоро ба таъхир гузошт

ФИФА интихоби шаҳрҳоро ба таъхир гузошт

Федератсияи байналмилалии Футбол (FIFA) тасмими интихоби шаҳрҳоеро, ки дар он бозиҳои Ҷоми ҷаҳон 2026 баргузор мешаванд, бинобар сабаби бемории дунёгири коронавирус ба таъхир гузошт, хабар медиҳад Reuters.

Чемпионати ҷаҳон 2026 яку якбора дар се кишвар ИМА, Канада ва Мексика баргузор хоҳад шуд. Дар ИМА Ҷоми ҷаҳон дар 17 шаҳр ва дар кишварҳои Канадаву Мексика дар 3 шаҳрӣ доир мешавад. Қарори ФИФА дар бораи интихоби шаҳрҳо бояд моҳи март баргузор мешуд, вале бинобар сабаби бемории КОВИД-19 ба 7-уми июл гузаронида шуд. Аммо ФИФА боз ин санаро ба ду-се ҳафтаи дигар ба қафо гузошт. ФИФА аз 23 шаҳри пешниҳодшудаи ИМА 16 шаҳрро барои баргузории бозиҳо интихоб хоҳад кард.