«Футбол ба назди шумо меояд» дар минтақаи Бохтар ҷамъбаст шуд

«Футбол ба назди шумо меояд» дар минтақаи Бохтар ҷамъбаст шуд

Дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар бозиҳои ниҳоиигоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар бозиҳои ниҳоии фестивали «Тсеll-Футбол ба назди шумо меояд» дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, ки бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бо дастгирии ширкати мобилии «Тсеll» барои кӯдакони аз 6 то 11 сола роҳандозӣ гардида буду дар он 200 нафар кӯдакон иштирок намуданд, баргузор гардид.

Дар даври ниҳои мусобиқа миёни дастаҳои 7-сола (U-7) барои зинаи якум дастаҳои ноҳияҳои Ёвон, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ ва Хуросон миёни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа, дастаи ноҳияи Носири Хусрав бар дастаи ноҳияи Ёвон бар ҳисоби 5:2 пирӯз шуд ва дастаи Ҷ. Балхӣ дастаи Хуросонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Дар финал дастаҳои ноҳияҳои Носири Хусрав бо Ҷ. Балхӣ мубориза намуданд, ки кӯдакони ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо ҳисоби 2:1 зафар ёфтанд.

Миёни кӯдакони 9-сола (U-9) бошад, дастаҳои Ёвон, Қубодиён, Носири Хусрав ва Бохтар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар натиҷа, дастаҳои Қубодиён бар Ёвон бар ҳисоби 7:2 ва Бохтар бар Хурсон бо ҳисоби 4:2 ғалаба намуда, ба даври финалӣ роҳхат гирифтанд. Дар финал дастаи шаҳри Бохтар бо дастаи ноҳияи Қубодиён дидор анҷом дод, ки қисми асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ҷамъбаст шуд. Ғолиб аз рӯйи зарбаҳои шаш метра муайян карда шуд, ки кӯдакон ва наврасони шаҳри Бохтар бо ҳисоби 2:1 дастболо шуданд.

Дастаҳои шаҳрҳои Бохтару Леваканд ва ноҳияҳои Ҷайҳуну А. Ҷомӣ миёни наврасони 11-сола (U-11) ба даври ниҳои бароманданд. Дар натиҷа кӯдакон ва наврасони Бохтар ҳамтоёни худ аз Ҷайҳунро бо ҳисоби 4:3 шикаст дода, ба даври финалӣ роҳ пеш гирифтанд. Кӯдакон ва наврасони А. Ҷомӣ бошад, наврасони Левакандро бо ҳисоби 4:2 шикаст дода, ба даври финалӣ роҳхат гирифтанд. Дар бозии ниҳоии дастаи Бохтар бо ҳисоби 5:4 бар дастаи А. Ҷомӣ ғолиб гашт.андро бо ҳисоби 4:2 шикаст дода, ба даври финалӣ роҳхат гирифтанд. Дар бозии ниҳоии дастаи Бохтар бо ҳисоби 5:4 бар дастаи А. Ҷомӣ ғолиб гашт.

Дар фарҷоми мусобиқа ба дастаҳое, ки ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд, бо Ҷом, Сипоснома ва медалҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин, тамоми кӯдакон ва наврасоне, ки дар даври ниҳоии иштирок доштанд (аз ҳар даста 12 бозингар), аз тарафи масъулини мусобийа бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон