Футболбози рус ба "Фиорентина" меравад

Футболбози рус ба "Фиорентина" меравад

Дастаи "Спартак" эълон дошт, ки бо бошгоҳи "Фиорентина" дар бораи гузариши ҳамлагар Александр Кокорин ба мувофиқа расидаанд. 
- Дар ояндаи наздик, ҳамлагар барои гузаштани ташхиси тиббӣ ба Италия меравад ва бо "Фиорентина" шартномаи 3,5-сола имзо мекунад. Мо хоҳони онем, ки Александр худро дар яке аз лигаҳои пешрафтаи футболи Аврупо хуб нишон диҳад! - гуфта мешавад дар изҳороти хадамоти матбуоти "Спартак".
Ёдовар мешавем, ки Кокорин дар дастаи шаҳри Маскав аз моҳи августи соли 2020 бозӣ мекунад. Дар мавсими ҷорӣ, ҳамлагари 29-сола 10 бозӣ гузаронида, ду гол ва ду партофти головарро ба номаш мӯҳр задааст. 
Айни замон "Фиорентина" бо 18 имтиёз дар ҷадвали Серия А дар ҷои 14-ум қарор дорад.